То 13-уми апрели соли равон аз 7 ҳазору 560 нафаре, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар қарантин қарор доштанд, 5 ҳазору 724 кас ба хонаҳояшон баргаштанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, айни ҳол 1 ҳазору 836 нафари дигар, зери назорати қарантинӣ гирифта шудаанд.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, аз сабаби вақтҳои охир дар муассисаҳои қарантинии кишвар ба қайд гирифта шудани ҳолати фавти сокинон, ки иллати марги онҳо бемории дигар аст, ашхоси алоҳида марги онҳоро ба вируси корона рабт медиҳанд.

Қаблан, се сокини вилояти Суғд ва як истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ки дар қарантин қарор доштанд, вафот карда буданд.

Вазорати тандурустӣ иттиҳоми аз коронавирус фавтидани онҳоро рад карда, марги онҳоро ба бемории илтиҳоби шуш ва сил марбут донист. Ҳамзамон, вазорат таъкид кардааст, ки то 13-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here