Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои эмгузаронии воксини “AstraZeneca” шитоб надорад. Дар ҳоле, ки Узбекистон қарор аст, 23-24-уми март ба воксинзанӣ шурӯъ кунад, дар Тоҷикистон санаи гузаронидани ин ваксин маълум нест.

— Аввал бояд омода шуд. Бояд дастурамалҳоро тарҷума кунем, то духтурон бо он шинос шаванд. Аз ҳар ҷиҳат меомӯзем, то ягон камбудӣ пеш наояд. Як рӯз барвақт, як рӯз дер, фарқе надорад. Хуб мешуд, аввал омода шуда, баъд аз пайи кор шавем, – гуфт муовини вазири тандурустӣ Самариддин Ализода.

Ба қавли Ализода воксини «AstraZeneca» дар шароити хуб нигоҳдорӣ мешавад ва то шаш моҳ имкониятӣ нигоҳдориаш ҳаст.

Воксинзанӣ ихтиёрӣ ва ройгон буда, аввалин шуда пизишкон аз он истифода мебаранд.

Бастаҳои аввалини воксини «AstraZeneca» шоми 8-уми март аз Деҳлӣ ба Тоҷикистон оварда шуд. Ин воксин дар доираи COVAX, барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ба Тоҷикистон ройгон дода шудааст.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here