Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то ҳол дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадови маҳаллаи маъруф ба Якум Советскийи шаҳри Душанбе 319 нафар бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуда, 11 нафар фавтиданд. Мақомот гуфтаанд, нисфи сироятшудагони бемории илтиҳоби шуш табибон ҳастанд.

Вазорат аз забони директори беморхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе Хуршед Рустамзода, хабар додааст, ки аз 319 нафар гирифтори пневмония 136 нафарашон кормандони тиббанд. То ҳол 108 нафар шифо ёфтаву ба хонаҳояшон рухсат шуда, 8 нафар аз беморон дар шуъбаи эҳёи беморхона қарор доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here