Моҳи майи соли 2015 дар Ассамблеяи 68-уми ҷаҳонии тандурустӣ Нақшаи глобалии амал оид ба устуворӣ ба дорувории зиддимикробӣ (УДЗМ) қабул гардид, ки нуқтаи асосиро дар ин амал «Саломатии ягона» ташкил медиҳад. Ҳамчунин, аз кишварҳои иштирокдор қатъиян талаб карда шуд, ки давоми ду соли оянда нақшаҳои миллии амали худро дар бахши УДЗМ дар асоси ҳадафҳои Нақшаи глобалии амал таҳия ва татдиқ созанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати ҶТ «Нақшаи миллии амалҳо оид ба мубориза бо УДЗМ дар ҶТ барои солҳои 2018-2022»-ро кардааст, ки гуфта мешавад, маҳаки асосии он чор ҳадафи стратегӣ вобаста ба саломатии инсон, сиҳатии ҳайвонот ва соҳаи кишоварзӣ мебошад.
Бо мақсади муаррифии Нақшаи мазкур рӯзи 29-уми октябр дар толори барҳавои бинои «Душанбе-Плаза» дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бо ширкати аъзои миссия: Менеҷери барнома оид ба назорати УДЗМ Данило Ло Фо Вонг, кормандон оид ба назорати УДЗМ, дафтари минтақавии СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ)барои Аврупо Саскиа Наҳрганг ва Кетеван Канделаки аз Копенгаген, Эксперти байналмилалӣ оиди эпидемиологияи Маркази миллии сиҳати омма ва муҳити зист аз Ҳолланд ва эксперти байналмилалӣ оиди микробиологияи Озмоишгоҳи пажуҳишии кумитаи аврупоӣ доир ба санҷиши ҳасосияти зиддимикробӣ Онур Каратуна баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ҳамчунин, Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Камолзода М., Муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Қаландарзода Ҳ., Муовини вазири кишоварзии ҶТ Мусоев Н., Роҳбари дафтари намояндагии ФАО дар Тоҷикистон Гучгелдиев О., Муовини якуми сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳафзи иҷтимоии аҳолӣ Давлатзода С. ва Сармутахассиси шуъбаи назорати байторӣ Андамов И. иштирок намуда, баромадҳои пурмуҳтаво анҷом доданд.
Гуфта шуд, мушкилии устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масъалаҳои афзалиятноки ҳам соҳаи тандурустӣ ва ҳам соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Истифодаи нодурусти доруҳои зиддимикробӣ барои саломатӣ хатари ҷиддиро ба вуҷуд меорад. Ҳамчунин, истеъмоли антибиотикҳо бе таъйиоти тиббӣ устувории зиддимикробии онҳоро метезонад. Инфексияҳое, ки аз микробҳои ба антибиотикҳо устуворбуда ба вуҷуд омадаанд, дорои хусусияти мураккаб мебошанд ва табобаташон душвор аст. Мубталои чунин сироят гаштан ба синну сол ва муқими кадом кишвар будан вобаста нест.
Дар поёни чорабинӣ иштирокдорони мизи гирд барои доираи васеъи хабарнигорони расонаҳои дохилии кишвар нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.
Муовини аввали сардори хадамоти назорати давлати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳоли ҶТ Саид Давлатзода иброз намуд, ин чорабинӣ дар доираи Ҳафтаи умумиҷаҳонии дуруст истифода намудани антибиотикҳо, ки аз 12 то 18-уми ноябри соли равон сурат мегирад, ташкил карда шуд. Номбурда мақсад ва ҳадафҳои баргузории ҳафтаи доруҳои зиддимикробиро фаҳмонидани тарзи дурусти истифодаи ин намуди маводи доругӣ унвон намуд.
-Новобаста ба он ки ин чорабинӣ як ҳафта эълон шудааст, вале дар ҳудуди кишвар он як моҳ, аз 16 ноябр то 16 декабр идома меёбад. Дар ин муддат гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқоти ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарбар гардида, бо шаҳрвандон вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Мақсад аз тарғибу ташвиқ истифодаи тарзи дурусти доруҳои зиддимикробӣ аст. Бояд аҳолӣ донад, ки пеш аз ҳама микроб ба организм ба воситаи дастони ношӯста ворид мешавад. Аз ин рӯ, лозим аст, роҳҳои одитарини пешгирӣ аз ин ҳолатро ба аҳолӣ фаҳмонд,-гуфт Давлатзода Саид.