Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳодисаи таркиши автомашинаи тамғаи «Toyota Land Cruiser»-ро дар «Автоколлонаи 2927», ки бар асари он Насим Файзуллоеви 18-сола, сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнони ВМКБ бо ҷароҳатҳои 95 дарсади сӯхтаи бадан дар бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе вафот кард, шарҳ дод.
Сардори КВД «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Қурбоналӣ Хизиров имрӯз, 17-уми июл, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳодиса бо айби ронанда рух додааст.
— Аз ҷониби мақомоти дахлдор ҳодиса санҷида шуд ва муайян гардид, ки дар вуқуи ҳодиса худи ронанда айбдор аст. Ронандаи мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser» дар қайди ҷамъияти нақлиётӣ нест. Ӯ субҳи рӯзи ҳодиса аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе омада, худсарона ба таъмиргоҳ медарояд ва замони кор кардани устои кафшергар мехоҳад маводи сӯхти мошинро холӣ кунад. Аз беаҳамиятии ронанда ба маводи сӯхт шарора мерасад ва таркиш рух медиҳад,- шарҳ дод Қ. Хизиров.
Ёдовар мешавем, ки таркиши автомашинаи мазкур субҳи рӯзи 4-уми июл дар нуқтаи таъмири нақлиёт, дар «Автоколоннаи 2927» рух дод, ки дар натиҷа ду ҷавони 18 ва 19-сола — Насим Файзуллоев ва Мурод Саидраҳмонов бо ҷароҳатҳои сӯхтаи 95 ва 75 дарсади бадан ба Беморхонаи шаҳрии рақами 3 расонида шуданд. Мутаассифона, ҷавони аввалӣ, ки 95 фоизи баданаш сӯхта буд, пас аз се рӯз вафот кард. Табибон вазъи саломатии ҷавони дигарро вазнин арзёбӣ мекунанд.
Нарзулло Саидраҳмонов — падари Мурод қаблан дар суҳбати телефонӣ ба «Фараж» гуфта буд, ки ӯ сокини шаҳри Душанбе аст ва соҳиби мошин Сайфулло Саидраҳмонов бародараш мебошад, ки дар роҳи Душанбе-Помир таксиронӣ мекунад: «Ӯ субҳи барвақт аз Бадахшон ба Душанбе расида буд. Насим Файзуллоев писари бародарам Абдулло Саидраҳмонов аст, ки барои имтиҳонсупорӣ ба Душанбе омада буд».

Добавить комментарий