Вазорати молияи Тоҷикистон миқдори маблағи дар фонди мубориза муқобили коронавирус ҷамъшударо эълон кард. Тибқи иттилои  дафтари матбуотии ин вазорат то 12-уми май ба суратҳисоби фонд 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар гузаронида шудааст.

Вазорати молия гуфтааст, ки то ҳол ягон сомонӣ аз ин маблағ барои пешгириии коронавирус дар кишвар равона нагардида, дар сурати ба ин маблағҳо эҳтиёҷ пайдо кардан, дар асосои супориши Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ маблағҳо масраф мегардад.

Пештар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маоши якмоҳаи худро ба фонди мубориза алайҳи коронавирус гузаронида буд. Баъдан, раисони шаҳру ноҳияҳо ба ин иқдом пайравӣ карданд.

То ҳол аз тарафи як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, кишварҳои Ӯзбекистону Эрон ва соҳибкорони ватанӣ барои пешгириии коронавирус кӯмакҳои молиявӣ расонида шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here