Директори агентии бо кортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумъахон Раҷабов 6-уми феврал дар нишасти матбуотии Вазорати мазкур гуфт, ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 5 кишвари дунё — Полша Русия, Белорус, Туркия, Қазоқистон, шартномаи расмиии корӣ дошта, ҳамчунин дар масъалаи ба кор фаро гирифтани шаҳрвандон, бо кишварҳои Қатар, Аморати Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон гуфтушунид мекунад .
Ӯ таъкид кард, ки равобити корӣ бо кишварҳои хориҷи дур ва ҷудо кардани квотаи корӣ дар он ҷо бисёр мушкил аст.
— Ҷумҳурии Полша 47 дарсад ба талаботи корӣ ниёз дорад. Бо вуҷуди мушкил будани шартномаи корӣ Вазорат тавонист, соли 2019-ум 50 нафарро барои кор ба ин кишвар фиристад. Имсол сафарбаркунии 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Полша дар назар аст, — баён кард Ҷумъахон Раҷабов. – Ба шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия соли гузашта 350 нафар барои кор сафарбар гардиданд. Мутобиқи шартномаи корӣ имсол мо 1 500 нафарро барои бо шуғл фаро гирифтан, ба ин кишвар мефиристем.
Солҳои охир хориҷкунӣ ва маҳдудиятҳои корӣ дар Федератсия Русия сабаби бекории муҳоҷирони тоҷик шудааст. Тибқи иттилои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷабборзода Гулрӯ, феълан аз Русия 270 ҳазор нафар ба муҳлатҳои аз ду то панҷ сол хориҷ шудаанд.
— Дар ҷаласаи 14-уми муштараки корие, ки 30-31-уми январ миёни Тоҷикистону Русия баргузор гашт, масъалаҳои хориҷкунӣ ва берункунии муҳоҷирони тоҷик баррасӣ шуд, — гуфт Ҷабборзода Гулрӯ. — Ин масъала зери назари қатъии вазорат буда, аз натиҷааш ба васоити ахбори омма хабар хоҳем дод.