Дар соли 2019 дар кишвар 79070 ақди никоҳ баста шудааст, аз ин ҳисоб 218 ададаш бо шаҳрвандони хориҷӣ ва 647 тояш бо кам кардани сини никоҳӣ аз тарафи судҳои шаҳру навоҳӣ сурат гирифтааст. Аммо маълум нест, никоҳи тоҷикистониён бо шаҳрвандони кадом давлатҳои хориҷӣ бештар ба қайд гирифта шудааст.
Раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон бекоршавии ақди никоҳро миёни шаҳрвандони кишвар “ташвишовар” хонда, қайд кард, ки дар ин муддат 12 482 адад никоҳ бекор карда шудааст.
Сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Саодат Сироҷзода имрӯз, 7-уми февра,л дар нишасти матбуотӣ гуфт, бо қарори судҳои шаҳру навоҳии мамлакат 9196 ақди никоҳ ва 3205 адад бо аризаи якҷояи ҳамсарон бекор карда шудааст.
— Дар таҷриба ташвишовар он аст, ки шумораи зиёди оилаҳои бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо ҷудогардида, дар солҳои қаблӣ, яъне солҳои 2005, 2012 ва 2015 сурат гирифтааст. Яке аз сабаби зиёд будани шумораи расмии бекоршавии ақди никоҳ дар соли гузашта он аст, ки ҳамсарон дар ҳамон солҳо, пас аз баровардани қарори суд оид ба бекорсозии ақди никоҳашон, барои гирифтани ҳуҷҷат ба мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат накардаанд. Бисёр шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро намедонанд ва ҳамин, ки суд онҳоро ҷудо кард, гумон мекунанд, аллакай ҷудо шудаанд. Вақте ки шаҳрванд ба мақомоти сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат карду шаҳодатномаи бекор кардани никоҳро гирифт, дар он ҳолат оила аз ҳам ҷудошуда ҳисобида мешавад, — гуфт Сироҷзода.
Ба гуфтаи ин масъул, ҳамсарони ҷудошуда пас аз он барои гирифтани шаҳодатномаи бекоршавии ақди никоҳ ба бахшҳои сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ муроҷиат мекунанд, ки ё барои гирифтани қитъаи замин, ё барои гирифтани хобгоҳ, замони донишҷӯ гардидани фарзандашон, ба ҷои лозима пешниҳод кардани маълумотнома даркор мешавад.