14-уми ноябри соли равон шаҳри Тошканд боз як нишасти бонуфузи байналмилалиро мизбонӣ мекунад. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон мегӯяд, рӯзи панҷшанбе дар дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» Конфронси вазирони Ҳамкории иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки пойтахти Ӯзбекистон раиси Бонки осиёии рушд Такехико Накао, иҷрокунандаи муваққати мақоми вазири молияи Ҷумҳурии исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳумоюн Қайюмӣ, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Руслан Даленов, вазири федеролии Покистон Муҳаммад Ҳаммод Азҳар, ноиби вазири молияи Ҷумҳурии мардумии Чин  Хонгкай Сю, ноиби вазири иқтисоди Озарбойҷон Соҳиб Мамедов, ноиби вазири иқтисоди Қирғизистон Султон Акматов, ноиби вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон Акаки Сагирашвилӣ, котиби давлатии вазорати молияи Муғулистон  Санҷаа Нарантсогт, ноиби вазири барқи Турманистон Ботир Худойбердиевро истиқбол мегирад.

Гуфта мешавад, дар радифи онҳо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва сохторҳои минтақавӣ низ дар ин конфронс ширкат хоҳанд кард.

Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон перомуни масъалаҳои таҳти назар, ки дар ин конфронс баррасӣ мешаванд, иттилоъ надодааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here