Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 5-уми май бар асоси як фармон вазири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Олимзода Насимро аз вазифа озод кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии Президент ба ҷойи Олимзода, вазири Вазорати тандурустӣ Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло интихоб шудааст. Ин манбаъ сабаби барканории Олимзодаро гузаштан ба вазифаи дигар гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, тайи чанд рӯзи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, Олимзодаро барои таъхир дар эълони мавҷудияти коронавирус, зери мавҷи танқид қарор дода буданд.

Вазири нави Вазорати тандурустӣ Абдуллозода Ҷамолиддин, то интихоб шудан ба ин мансаб роҳбари беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here