Вазъи саломатии вазир рӯзи 9-уми март, баъд аз чанд рӯзи истифодаи воксини AstraZeneca, бад шудааст, вале табибон мегӯянд, ки ҳолати ӯ бо воксин иртибот надорад. Дар ин бора аз дафтари вазири тандурустии Австралия Грег Ҳант ба хабаргузории Reuters хабар додаанд.

Ин ниҳод нишонаҳои бемориро шарҳ надодааст, аммо гуфтааст, ки ҷаноби “Ҳант антибиотик мегирад ва барои мушоҳида дар беморхона шабонарӯз хоҳад монд. «Умед дорем, ки вазир сиҳатии комилро ба даст меорад», — гуфтаанд намояндагони ӯ.

Ёдовар мешавем, ки шоми 8-уми март 192 000 воя воксини CОVID-19 аз ширкати Бритониёии Оксфорд AstraZeneca, ки тибқи иҷозатнома он дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” (Srum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Душанбе ворид карда шуд.

Ин воксин 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводҳои иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулодда истифодабарандаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он дар 61 кишвари ҷаҳон истифода бурда мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here