Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» зимни мусоҳибаи ихтисосӣ бо вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода иттилоъ дод, ки  қаринтини саросарӣ зарур нест.

— Пеш аз ҳама, тавассути нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷумҳурият” бори дигар гуфтаниям, ки дар ҳақиқат то имрӯз ягон ҳодисаи сироятёбӣ ба коронавируси нави Covid-19 дар ҳудуди кишвар рӯй надодааст, — гуфтааст вазир.

Омор нишон медиҳад, ки  то 9-уми апрели соли равон аз қарантин 5243 нафар ҷавоб шуда, 2014 нафар дар чунин ҳолат қарор дошта, рӯзҳои наздик онҳо низ рухсат мешаванд. Аз шумораи умумии онҳо 317 нафар шаҳрванди хориҷист, ки аз Афғонистон, Русия, Чин ва Ӯзбекистон мебошанд.

Гуфта шудааст, ки бо назардошти эҳтимолияти хавфи сарзании хуруҷи сирояти коронавирус 1150 адад кат дар ҳолати омодабошии пурра қарор дорад.

Сабаби эълон нашудани қарантин аз забони вазир чунин шарҳ дода шудааст:  «Барои эълони карантин, бахусус қарантини саросарӣ, асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, аз  ин рӯ, ягон асоси воқеӣ ҷиҳати эълон намудани қарантин дар кишвар айни замон вуҷуд надорад».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here