Дар нимсолаи аввали соли равон  гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон 2158,7 милллион долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 дарсад ё 21,8 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Воридоти мол ба кишвар дар ин давра ба 1,5 миллиард доллар баробар гардида, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 62 миллион доллар, ё 4 банди фоиз коҳиш ёфтааст.

Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода имрӯз, 3-юми август, дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ содироти молу маҳсулот 654,4 миллион долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 83,8 миллион доллар, ё 14,7 дарсад афзоиш ёфтааст.

— Дар шаш моҳи аввали соли 2020 дар кишвар 83 корхонаи нави саноатӣ бо 1135 ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Тибқи омори расмӣ,  дар вилояти Суғд 34 корхона бо 407 ҷойи нави корӣ, вилояти Хатлон 21 (143), шаҳри Душанбе 13 (501), навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 13 корхона (77) ва дар ВМКБ 2 корхона бо 7 ҷойи нави корӣ ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз кардаанд. Дар ин росто аз 2216 корхонаи саноатии бақайгирифташуда 124 корхона аз фаъолият бозмондаанд, ки аз онҳо 24 корхона ба саноати истихроҷ ва 100 корхона дар саноати  коркард фаъолият менамуданд, — гуфт вазир.

Гуфта шуд, истеҳсоли нерӯи барқ дар нимсолаи аввал дар кишвар 10243,2 миллион кВт соатро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,6 миллион кВт соат ё 1,2 дарсад зиёд гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here