Субҳи имрӯз, тахминан соати 5, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр, даст ба худкушӣ задааст.
Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки Худоёрзода Худоёр соли таваллудаш 1958, дар заминаи муноқишаи оилавӣ, дар хонаи истиқоматии худ, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷаббор Расулов, бинои 67/4, ҳуҷраи 23, бо истифода аз корди хоҷагӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани худ, даст ба худкушӣ задааст.
Ҳамсари ӯ А. Қаландарова, писараш Некрӯз Худоёров, духтараш Зайнура Худоёрова, келинаш Гулнисо Суфишоева ва дигар аъзои оила, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расондаанд.
Айни ҳол, Худоёрзода дар беморхонаи муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии Истиқлоли шаҳри Душанбе пас аз ҷарроҳӣ дар ҳолати муътадил таҳти назорати духтурон қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.