Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар мегӯяд, дар соли сипаришуда 114 549 нафар никоҳшавандаро аз муоинаи тиббии пешазникоҳӣ гузаронидаанд, ки дар хуни онҳо вирусҳои гуногун дарёфт шудаанд.

Дар бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа иттилоъ дода, гуфт, дар натиҷаи ташхис дар 1214 нафар зардпарвини вирусии намуди «В» , дар 223 нафар вируси «С», дар 48 нафар вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), дар 18 нафар бемории сил, дар 12 нафар бемории оташак, дар 58 нафар бемориҳои рӯҳӣ дарёфт кардаанд.

— Шахсони бо вируси ВНМО сироятёфта ба табобати махсуси зиддивирусӣ фаро гирифта шуда, зери назорати ҷиддӣ қарор доранд, — гуфт Олимзода.

Бино ба гуфтаи вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар соли 2018 барои табобати беморон дар муассисаҳои тиббии мамлакат дар умум зиёда аз 95 намуди таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ ворид карда шудааст, ки дар натиҷа амалиётҳои ҷарроҳӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуда, дар муқоиса ба соли 2017 нисбатан бештар будааст.

— Амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳои хунгард 1624 адад (соли 2017-1272), 1434 амалиёти ангиография (1197), 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (311), инчунин, ба 194 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии иваз кардани буғум ба буғуми сунъӣ (соли 2017-190) бо муваффақият гузаронида шудаанд, — гуфт вазир.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here