Вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод гуфт, ки парвандаҳо дар доираи қонунҳои ҷумҳурӣ ва Конститутсия баррасӣ карда мешаванд ва қонунгузорӣ бозбинии парвандаҳоро бо тавсияи институтҳои байналмилалӣ пешбинӣ накардааст.
Номбурда дар ин бора дар нишасти матбуотии ниҳодаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҷавоби вазири адлияи Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон ба парвандаҳои ҷиноятии маҳбусон Зайд Саидов, Бузургмеҳр Ёров ва Маҳмадалӣ Ҳайит рабт дошт, ки Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Тоҷикистон тақозои бозбинии парвандаҳо ва озодияшонро кардааст.
— Ҳамаи парвандаҳо нисбат ба шахсоне, ки шумо номбар кардед, дар доираи қонунгузории ҷумҳурӣ баррасӣ мешаванд ва танҳо иҷрои ҷазои маҳбусон ба зиммаи мақомоти мост,- гуфт вазири адлия Р. Шоҳмурод.
Мавсуф ҳамчунин дар ҷавоб ба суол оид ба шумораи зиндониён гуфт: «Айни замон дар муассисаҳои ислоҳотии мо беш аз даҳ ҳазор маҳбусон нигоҳ дошта мешаванд ва боз як қисмати муайян дар муассисаҳои тафтишотӣ қарор доранд, ки ҳанӯз парвандаҳояшон мавриди баррасӣ қарор доранд».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here