Нигаронии рӯзноманигорони тоҷик ин навбат ҳам ба мисли нишастҳои қаблии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз гарониву бемазза будани картошкаи ватанӣ буд, ки ахиран вазир ин иддаоро рад кард.
Вазири кишварзии Тоҷикистон Иззатулло Сатторӣ дирӯз, 6-уми феврал дар нишасти хабарии вазорат ба хабарнигорон гуфт, ки картошкаи ватанӣ дар тамъу мазза беҳтарин аст. Ҳамасола дар Тоҷикистон дар беш аз 40 ҳазор гектар замин кишти картошка гузаронида мешавад ва барои ин 120 ҳазор тонна тухми аълосифат зарур мебошад.
Номбурда ҳамчунин гуфт, бо мақсади таъмини шаҳру новоҳии вилояти Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ бо тухмии аълосифат соли гузашта аз Федератсияи Русия ва Белорусия тухмӣ ворид карда шуда, он дар мавзеи Канаск парвариш ёфтааст.
-Аз парвариши тухмии овардашуда, зиёда аз 1000 тон тухмии беҳтарини навъҳои тезпаз ҳосил карда, ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва тобеи кишвар расонида шуд. Ин тухмиҳо аллакай дар кишти барвақтии заминҳо кишт карда шуданд. Бовар дорам, ки ба ҳосили баланд ноил мегардем ва дар оянда он паҳн гашта, дар дигар мавзеъҳои картошкапарвар истифода бурда мешавад, — гуфт вазир.
Ба гуфтаи масъулини вазорати кишоварзии Тоҷикистон, бо сабаби маълум набудани нархи тухмӣ он ба аҳолӣ ройгон тақсим карда шудааст, вале тасмими ниҳоии вазорат он аст, ки тухмӣ ба ивази ҳосили нави он як бар як ҳисобӣ хоҳад шуд.
— Яъне, як ба як ин ба ивази дусад килограм тухмиамон дусад кило картошка аз ҳосили нав мегирем, — шарҳ дод Сатторӣ.
Ин таъкиди вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки сокинони навоҳии дурдасти вилояти Хатлон — Панҷу Фархор мегӯянд, онҳо тухмиро бо нархи 5,04 сомонӣ тариқи шартнома бо Вазорати кишоварзӣ харидорӣ кардаанд. Ба гуфтаи сокинон, замони гирифтани тухмии картошка нархаш дар шартнома дарҷ нашуда буд ва ҳеҷ гумон намекарданд, ки баъдан нархаш осмонӣ мешавад.