Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии вазорат гуфт, ки полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба созмони террористии ДИИШ пайваста буд, ба эҳтимоли зиёд кушта шудааст.

Раҳимзода дар посух ба саволи хабарнигорон дар хусуси сарнавишти полконики фирорӣ гуфт, ки то ҷойе иттилоъ доранд, вай кушта шудааст.

“Дар хусуси кушта шудани Ҳалимов аз ҳамкорони рус иттилооте дарёфт кардем ва дурустии он дар ҳоли баррасӣ аст”, — гуфт вазир.

Дар моҳи сентябри соли гузашта Вазорати мудофиаи Русия эълом кард, ки Ҳалимов дар Сурия бар асари ҳамлаи як бомбафкани русӣ кушта шудааст. Сипас манобеи дигар дар бораи захмӣ шудани Ҳалимов, ки вазири ҷанги ДИИШ таъйин шуда буд, хабар доданд.

Чанд рӯзе қабл муовини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон Ҳенри С. Эншер зимни дидор бо намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон гуфт, ки ҷониби Америка кушта шудани Ҳалимовро наметавонад таъйид кунад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here