Шабонарӯзи гузаштаи 30-юми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 ҳолати нави сироятёбӣ аз CoViD-19 ба қайд гирифта шуда, дар муддати аз 30-юми апрел то 30-юми август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8550 нафар расидааст. 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз ин вирус то кунун дар мамлакат 7341 ё худ 85,8%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 68 нафар аз CoViD-19 вафот кардаанд.

Шабонарӯзи охир (3-юми август) 86 нафар гумонбар ба сирояти коронавиурс зери назорати табибон қарор дошта, 32 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд, иттилоъ медиҳад маркази матбуоти вазорат.

Дар ҷаҳон то ин дам 25,1 миллион нафар аз вируси CoViD-19 сироят ёфтаанд ва 844 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи шифоёфтагон 16,5 миллион нафарро ташкил мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here