Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс, шумораи одамоне, ки ба коронавируси COVID-19 гирифтор шудаанд, аз 18 миллион нафар зиёдтар аст. Дар давоми рӯзи гузашта 260 ҳазор ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, як рӯз пеш 286 ҳазор нафар.

Дар байни шумораи сироятёфтагон ИМА (4,6 миллион), Бразилия (2,7 миллион), Ҳиндустон (1,7 миллион) ва Русия (849 ҳазор) пешсафанд. Шумораи бештарини фавт дар ИМА (154 ҳазор), Бразилия (94 ҳазор) ва Мексика (47 ҳазор) ба қайд гирифта шудааст. Русия дар зинаи 11 қарор дорад. Дар саросари ҷаҳон, 687 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Тоҷикистон то соати 19:46-и рӯзи 2-юми август 7495 нафар аз ин вирус сироят ёфта, 6276 нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон ба 61 нафар расидааст.

Қаблан Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфта буд, ки вазъи ҷаҳон бо коронавирус бояд ҳамчун ҳолати фавқулодда баррасӣ карда шавад. Тибқи арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, суръати паҳншавии COVID-19 афзоиш ёфтааст ва ин бемории дунёгир дар ҷаҳон муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here