Вазъи боду ҳаво дар имрӯз дар ҷумҳурӣ тағйирёбанда буда, дамои ҳаво дар шаҳри Душанбе рӯзона 33+35, дар вилояти Хатлон ба 38 дараҷа гармӣ мерасад, аммо дар Бадахшон барф дар назар аст. Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар дод.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят борони кӯтоҳмуддат мерезад. Дар баъзе ноҳияҳои  шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат (шабона барф) дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа  гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ раъду барқ шуда, борони кӯтоҳмуддат меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо  суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ раъду барқ шуда, борони кӯтоҳмуддат меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10+15  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here