Рӯзҳои 14-15-уми апрели соли равон дар ҷумҳурӣ боридани борони бошиддат дар назар аст. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар рӯзҳои 14-15-уми апрел аз сабаби шиддат гирифтани борон дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии тобеи марказ – Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод, вилояти Хатлон – Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин вастаравшану Панҷакенти вилояти Суғд омадани сел пешгӯйӣ шудааст.

Дар дарёҳои ҷануби қаторакӯҳҳои Ҳисор ва Ёхсуву Қизилсӯ, шохобҳои дарёи Вахш баландшавии ногаҳонии об аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ кардааст, ки ҳангоми сафар аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунанд. Мошинҳои худро қабл аз сафар омодаву камбудии техникиро бартараф кунанд ва то ҳадди имкон аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here