Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дамои ҳаво дар баъзе минтақаҳо то 31 дараҷа гарм, дар баъзе ҷойҳо -1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 20+25 ва дар шарқи ин вилоят шабона -1-6 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +7+12 ва рӯзона ба +25+30 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +8+10 ва рӯзона +27+29 дараҷа гарм мешавад.