Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва бебориш дар назар аст. Дар шарқи ВМКБ рӯзона дамои ҳаво -0 -5 дараҷа мешавад, дар Хатлон +21 дараҷа.

Имрӯз дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб 4-9  ва дар баъзе ҳолатҳо то 15-20 метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8  ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7, рӯзона  3+8  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда ва бебориш шуда, фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва фаромадани меғ пешгӯӣ мешавад.

Дамои ҳаво шабона ба +0 +5  ва рӯзона  ба 13+18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда  ва бебориш шуда, шабона 3+5  ва рӯзона +14+16  дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here