Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шурӯъ аз имрӯз ҳарорат дар ҷумҳурӣ нисбат ба рӯзҳои қаблӣ пастар гашта, дар бештари ноҳияҳо ҳаво абрноки тағйирёбанда мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона +22+27 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +15+17 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 14+19, рӯзона 31-36 ва дар шарқи ин вилоят шабона 6+11 ва рӯзона +19+24 дараҷа гарм мешавад.