Имрӯз, 8-уми август, дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона муътадил боқӣ монда, рӯзона дар бештари ноҳияҳо то ба 35-38 дараҷа мерасад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо шабона +19+29 ва рӯзона +37+42 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 15+20, рӯзона 32-37 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  8+10 ва рӯзона +23+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, ҳаво дар водиҳо шабона +21+23 ва рӯзона +37 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +16 +21 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор шуда, шабона +16+21 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here