Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар гармӣ то ба 36 дараҷа мерасад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +11+16 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 3-2 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8, дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +10 +15 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.