Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, ҳарорати рӯзона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар баъзе ноҳияҳо шамол аз самти шарқ то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 24-29 ва дар шарқи ин вилоят шабона 4-1 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +30+32 дараҷа гарм мешавад.