Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда ва камабри бебориш дар назар дошта шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 4-1 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард  ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-2 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳарорат шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ин гуна вазъи ҳаво дар ҷумҳурӣ то 25 январ идома хоҳад ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here