Фардо дар Тоҷикистон вазъи ҳаво тағйир хоҳад кард ва дамои он то ба 10 дараҷа поён хоҳад рафт.

Бино ба пешгӯии ҳавошиносон 4-уми январ дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва пойтахт ҳавои боронӣ дар назар гирифта шудааст, аммо барф нахоҳад буд. Резиши барф дар минтақаҳои баландкӯҳ пешгӯӣ карда мешавад.

Дар ин рӯз дар ҷумҳурӣ шамоли бошиддат, босуръат поён рафтани дамои ҳаво дар назар аст. Дар шимоли кишвар ҳавои абрнок, борон, дар баландкӯҳҳо барф мешавад. Дамои ҳаво 3 дараҷа гарм хоҳад буд. Дар ҷануб ва водиҳои вилояти Хатлон борон мешавад, дар минтақаҳои кӯҳӣ барф. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар баландкӯҳҳо шабона -2+3, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳам борон, дар баъзе ҷойҳо барф мешавад. Дар Душанбе 4-уми январ борон мерезад, дамои ҳаво шабона то 0 дараҷа мерасад, рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here