Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, дар баъзе минтақаҳо ҳарорат ба 29 дараҷа расида, дар баъзе аз нуқтаҳои дигар дамои ҳаво зери 10-15 дараҷа мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  +13+18 ва дар шарқи ин вилоят шабона -10-15  ва рӯзона -1+6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки тағйирёбанда    шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8  метр   ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона  19+24    дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо шабона +7+12 ва рӯзона +24+29   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, ҳарорат шабона ба 1+6 ва рӯзона ба +23+28 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, шабона +3+5  ва рӯзона +25+27  дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here