Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки тағйирёбанда мешавад. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар баъзе минтиақаҳо барф ва дар баъзе дигар борон дар назар аст.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7  то -12 дараҷа сард,  рӯзона -1+4 дараҷа,  дар шарқи ин вилоят шабона -22-27  ва рӯзона -7-12  дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, борону барф пешбинӣ  шудааст.  Шамол аз самти ғарб 3-8 метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4  ва рӯзона аз  7+12  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона +5+10 дараҷа хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф  дар назар аст. Дамои ҳаво шабона ба 0+5  ва рӯзона ба  5+10 дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дамои ҳаво шабона 0-2  ва рӯзона +6+8 дараҷа мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here