Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе минтақаҳо рехтани борон ва дар баландии 3000 м барф пешгӯӣ шудааст.
Имрӯз, 27-уми сентябр, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар баландии 3000 м боридани барф пешгӯйи шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7-12, рӯзона 21+26 ва дар шарқи ин вилоят шабона -3+2 ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар буда, шамол аз самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10+15 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешбинӣ шудааст. Ҳаво шабона +10 +15 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +11+13 ва рӯзона +28+30 дараҷа гарм мешавад.