Имрӯз, 2-юми январ, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, асосан борон ва дар баъзе минтақаҳо барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, борон ва дар баъзе ноҳияҳо барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 4-9 дараҷа мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ борон ва барф пешгӯӣ шуда, меғ мефарояд. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз -2-7 то -4+1 ва рӯзона 7+12 дараҷа хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳам борону барф дар назар аст. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона -2-7 ва рӯзона -2-3 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 13-18 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда мешавад. Рӯзона борон дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 9+14 дараҷа мешавад.
Дар шаҳри Душанбе рӯзона борон дар назар аст. Дамои ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 12-14 дараҷа мешавад.