Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 10-уми декабр, дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда  шуда, борону барф дар  назар аст.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  2+7  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18  ва рӯзона -2-7 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр  дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 ва рӯзона +8+13   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст. Дамои ҳаво шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо борон дар назар аст. Ҳаво шабона 3+5  ва рӯзона +9+11 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here