Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар ҳудуди кишвар барфу борон рехта, дамои ҳаво нисбат ба рӯзҳои пеш чанд дараҷа поён хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -4+1 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  6+11  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва дар баландиҳои 2200 метр   боридани барф пешгӯӣ мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +1+6   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо  боридани борон ва дар баландкӯҳҳо боридани барф дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба +7+12  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе туман мефарояд. Ҳаво шабона +2+4  ва рӯзона +9+11  дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here