Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз, 14-уми ноябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, борону  барф дар назаранд.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб 4-9  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона -3+2  ва рӯзона  5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ карда мешавад Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3-8, рӯзона +4+9  ва дар шарқи ин вилоят шабона -13-18 ва рӯзона -4+1 дараҷа мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани меғ дар назар аст.  Дамои ҳаво шабона ба 1+6  ва рӯзона ба 9+14  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,   шабона +2+4  ва рӯзона +11+13  дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here