Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар бештари ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат то 35-40 дараҷа мерасад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +34+39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +20+25 ва рӯзона +35 + 40 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шабона +15 +20 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 13+18, рӯзона 30-35 ва дар шарқи  ин вилоят   шабона  3+8 ва рӯзона +18+23 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабона +15+7 ва рӯзона +35+37 дараҷа гарм мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here