Имрӯз, 25-уми сентябр, дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри тағйирёбанда   дар назар аст.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10, рӯзона 22+27 ва дар шарқи ин вилоят шабона -4+1 ва рӯзона +10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +9+14 ва рӯзона +26+31 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 13-18 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки тағйирёбанда  шуда, ҳарорати ҳаво шабона ба +9 +14 ва рӯзона ба +27+32 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона +10+12 ва рӯзона +30+32 дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий