Аз 28 август то 3 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Маҷористон — Будапешт, чемпионати ҷаҳони дзюдо миёни калонсолон бо иштироки варзишгарони беҳтарини ҷаҳон, аз ҷумла варзишгарони ҷочик, баргузор мегардад.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон аз Комроншоҳ Устопириён, Сӯҳроб Боқиев, Хушқадам Хусравов, Беҳрӯз Ҳоҷазода, Саидмухтор Расулов, Садр Боев, Саидҷалол Саидов, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Хуршед Маҷидов иборатанд.
Бино ба иттилои манбаъ дар мусобиқаи ҷаҳонии дзюдои Будапешт беш аз 450 варзишгар аз 86 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.
Ҳазинаи чемпионати ҷаҳонӣ дар Маҷористон як миллион доллари амрикоӣ мебошад, ки ба ғолибони мусобиқа — 798 ҳазор доллар мерасад ва мукофоти дастаӣ 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад.
Дастовардҳо дар Будапешт ба рейтинги варзишгарон холҳои иловагӣ медиҳад. Медали тилло ба варзишгари ғолиб 2000 имтиёзи изофа меорад. Медали нуқра 1400 хол, биринҷӣ — 1000 имтиёз.
Тибқи тақвими варзишии Федератсияи байналмилалии дзюдо дар соли 2017 дар Тоҷикистон як мусобиқаи байналхалқӣ баргузор мегардад. 16-17 сентябри соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи Asian Open Dushanbe -2017 баргузор хоҳад шуд.