Соли 2019-ум варзишгарони вилояти Хатлон аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 2 ҳазору 35 медал ба даст овардаанд, ки ин рақам нисбати соли 2018-ум 68 медал зиёд аст.
Варзишгарони вилояти Хатлон, ки соли гузашта дар 103 чемпионат ва мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида сазовори 590 медали тилло, 554 медали нуқра ва 788 медали биринҷи гаштанд, — гуфт мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишӣ вилояти Хатлон Алишер Гулов.
Ба иттилои ӯ, варзишгарони вилоят дар 27 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 34 медали тилло, 25 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ гардидаанд.
— Дар умум варзишгарони хатлонӣ дар соли рафта аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 624 медали тилло, 579 медали нуқра ва 832 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки ин шумора нисбати соли 2018-ум 68 медал зиёд аст, — қайд кард А. Гулов.