Дар рӯзи аввали Чемпионати гуштии Осиё миёни наврасон, ки дар шаҳри Нурсултон — пойтахти Қазоқистон — оғоз шуд, варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов соҳиби медали тилло гардид.

Паҳлавони тоҷик дар вазни 55 кг дар намуди  гуштии юнонӣ-римӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ варзишгарони Туркманистон ва Қазоқистонро мағлуб кард ва ба финал роҳ ёфт. Дар финал бар варзишгари ӯзбекистонӣ бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Ду ҷои сеюмро дар ин вазн варзишгарони Қазоқистон ва Ҳиндустон ишғол карданд.

Дар рӯзи аввали чемпионат қувваозмоиҳо аз рӯи 7 вазн сурат гирифтанд. Варзишгарони мо дар 4 вазн майдондорӣ карданд. Ду варзишгари дигари мо – Суҳроб Алимов дар вазни 45кг ва Давлатҷон Худойбердиев дар вазни 48кг сазовори ҷои панҷум шуданд.

Имрӯз қувваозмоиҳо дар се вазни боқимондаи гӯштини юнонӣ-римӣ (65, 71, 80) идома меёбанд. Дар ҳар се вазн паҳлавонони навраси тоҷик ширкат хоҳанд кард.

Дар чемпионати мазкур 308 нафар варзишгар аз 19 кишвари қитъаи Осиё дар намудҳои гуштии озод (10 вазн), юнонӣ-римӣ (10 вазн) ва гуштии занона (10 вазн) ширкат доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат, ки то 7 июл идома меёбад, 13 нафар варзишгар намояндагӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here