10 нафар ноболиғ аз шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ба гумони расонидани зиён ба амволи ҷамъиятӣ дастгир шудаанд, ки онҳо дар ҷамъ ба давлат 20750 сомонӣ зарар расондаанд.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ба мақомоти корҳои дохилӣ мактуби Корхонаи воҳиди “Қитъаи таъмини барқ” ворид гардидааст, ки 29-уми август шахсони номаълум ҳангоми дар пули “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт 23 адад прожектори равшанидиҳанда ва 2 адад чароғакро шикастаанд. Гуфта мешавад, ки онҳо бо кирдорашон ба корхонаи мазкур ҷамъ ба маблағи 20 ҳазору 750 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 10 нафар ноболиғи аз 11 то 15-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва Ваҳдат бо гумони расонидани зиён ба амвол дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (вандализм) дастгир карда шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here