Як рӯзномаи америкоӣ гузориш додаааст, нафаре, ки иқдом ба харидории як наққошии наққоши машҳури итолёии давраи ренессанс Леонардо Да Винчиро кардааст, валиаҳди Арабистон Муҳаммад ибни Салмон будааст. Ӯ мехостааст бо маблағи бесобиқаи 450.3 миллион доллар онро харидорӣ кунад.

Гуфта мешавад, Ибни Салмон аз тариқи як восита моҳи гузашта иқдом ба харидории наққошии Да Винчӣ ба номи «Салватор Мундӣ» («Наҷотдиҳандаи ҷаҳон») кардааст.

Ибни Салмон дар моҳҳои гузашта талош кард аз худаш чеҳраи фарде солеҳ ва мутааҳҳид ба решакан кардани фасод дар Арабистони Саудӣ ба намоиш гузорад.

Ин валиаҳд дар ҳафтаҳои гузашта шумори зиёде аз шоҳзодагон, тоҷирон ва мақомҳои собиқ ва феълии Арабистони Саудиро ба баҳонаи фасод дастгир ва зиндонӣ кардааст. Таҳлилгарон ин иқдомоти вайро баҳонае барои мустаҳкам кардани пояҳои қудрати худаш медонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here