Ваксинаи русии “Sputnik V” дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мувафақият сабт шуд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф рӯзи сешанбеи 26-уми январ хабар дод.

“Мехостам ба шумо иттилоъ диҳам, ки ваксинаи “Sputnik V” дар Эрон дирӯз ба қайд гирифта шуд. Онро мақомоти санитарии мо тасдиқ карданд ва дар ояндаи наздик мо умедворем, ки онро харидорӣ карда, истеҳсоли муштараки ниҳодҳои марбутаи Русия ва Эронро оғоз хоҳем кард”, – иброз кард Муҳаммад Ҷавод Зариф дар як нишасти хабарӣ пас аз музокирот бо раҳбари дипломатияи Русия Сергей Лавров.

Ваксинаи “Sputnik V” дар заминаи платформаи вектори аденавируси хуб омӯхташуда сохта шудааст ва алакай дар Русия, Беларус, Аргентина, Аморати Мутаҳидаи Араб, Маҷористон, Сербия, Боливия, Алҷазоир, Фаластин, Венесуэла, Парагвай ва Туркманистон тасдиқи танзимиро ба даст овардааст. Дар Ҳиндустон, доруи Русия  марҳилаи сеюми озмоишро аз сар мегузаронад ва дар давоми чанд ҳафта низ ба қайд гирифта хоҳад шуд. Дар ин бора сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия  Венкатеш Варма хабар дод. Ҷараёни сабти ваксина дар Иттиҳоди Аврупо ва  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оғоз гардидааст.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар Эрон наздик ба 1,4 миллион ҳолати гирифторшавӣ ба бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 57,5 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ғолиб Мараматшоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here