Дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр таҷлил карда мешавад, чанде аз вакилони МНМО-и кишвар тағйири ному насаб кардаанд. Дар ин бора сухангӯи МН Муҳаммадато Султонов ба «Фараж» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, эшон ин амалро ба хотири арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, иҷро намуданд.
— Маҳз ба хотири гиромидошти забони давлатӣ, мо ивази ному насаб карда, забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем,- гуфтааст вакили МН Муртазозода Ҷамшед Саидалӣ, ки қаблан Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич буд.
Вакили дигари МН Раҷабов Равшан Муҳитдинович, ки феълан Раҷабзода Равшани Муҳитдин шудааст, иброз доштааст: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Мо набояд фаромуш созем, ки бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст».
-Ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намояд,-гуфтааст вакили МН Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, ки номи аслиаш қаблан Холиқов Ҳоким Ҳикматуллоевич будааст.
Бино ба андешаи манбаъ, вакилони Маҷлиси намояндагон хуб дарк мекунанд, ки забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.