Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 то 16 январи соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури сафар мекунанд.

Тавре аз хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон ба мо иттилоъ доданд, дар зарфи 10 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад карда, роҷеъ ба паёми президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумот хоҳанд дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here