Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 18-сентябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳури сафар хоҳанд кард.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов дар зарфи як ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагони худ баромад карда, роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоҳн Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои солҳои истиқлолият,  санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби ҳарчи бештари  сармоя ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумоти мукамал медиҳанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here