Суд дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон 4-уми январ ҳукми вакили парлумон аз ҷиноҳи «Қирғизистон» Канатбек Исоевро эълон кард.

Канатбек Исоев дар фасодкорӣ айбдор ва бо мусодираи амвол 12 сол зиндонӣ шуд. Ӯ ҳамчунин баъди адои ҷазо то се сол ҳаққи ишғоли вазифаҳои давлатиро надорад.

Вакили дифои ӯ Сергей Слесарев мегӯяд, умедвор буд, ки суд ҳукми одилона содир ва нафари таҳти ҳимояташро озод мекунад. Ҳамакнун вакили дифоъ ният дорад, ба зинаҳои болоӣ шикоят барад.

Вакили парлумони Қирғизистон дар фурӯши ғайриқонунии замин дар солҳои 2009-2010 айбдор мешавад. Суд мегӯяд, Исоев дар замони раиси шаҳри Токмак буданаш заминфурӯшӣ кардааст. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Исоев моҳи майи соли 2017 кушода шуд.

Ба ҷуз ин, моҳи сентябри соли 2017 нисбати вакили парлумон парвандаи дуюм бо моддаи омодагӣ ба “ғасби ҳукумат бо роҳи зурӣ” боз шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here