Вайрон шудани як бинои таърихӣ дар шаҳри Самарқанд ва вокуниши баъд аз вуқӯъи ҳодиса аз тарафи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон сару садоҳои зиёдеро ба бор овард. Гуфта мешавад, ки ин бинои таърихӣ, воқеъ дар кӯчаи Амир Темури шаҳри Самарқанд, 11 сентябри соли равон ба далели дар шафати он сохтани як бинои нави таълимӣ вайрон карда шуд.

Вазорати фарҳанг гуфтааст, ки танҳо баъд аз вайрон шудани ин бинои таърихӣ дар ин бора ба вазорат хабар додаанд. Бино ба иттилои ин вазорат ҳарчанд бинои вайроншуда аз феҳрасти меросҳои таърихӣ хориҷ карда шудааст, вале ҷузъи пайванди таърихи шаҳри бостонии Самарқанд мебошад.

Маълум шуд, ки ин бино бидуни мувофиқа бо соҳиби он Элона Волова вайрон карда шудааст, ки ҳоло дар Исроил ба сар мебарад. Барои ҳамин Вазорати фарҳанг тасмим гирифтааст, ки Додситонии кулли ҷумҳурӣ сабабҳои аз феҳрасти мероси таърихӣ хориҷ кардани ҷойҳои таърихиро дар тӯли солҳои 1990-2000-ум таҳқиқу бозрасӣ кунад.

Дар бораи тахриб намудани ин бино додгоҳи шаҳрвандии шаҳри Самарқанд 3 июни соли равон қарор баровардааст. Бинои таърихӣ дар назди бинои нави таълимии Донишкадаи тиббии Самарқанд, ки бо гунҷоиши 800 нафар сохта шудааст, воқеъ гаштааст.

Ҳуқуқшуноси ҳокимияти шаҳри Самарқанд Бобохон Тоиров гуфтааст, ки ба соҳиби ин бино аз ҳисоби буҷаи ҳокимияти шаҳр 640 миллиону 814 ҳазор сӯм ё муодули 64 ҳазор доллар ҷубронпулӣ пешниҳод шудааст. Ин дар ҳолест, ки вакили қонунии Элона Волова — Мақсуд Абдуҷабборов изҳор кардааст, ин бино мероси фарҳангӣ маҳсуб меёбад ва тахриби он хилофи қонун мебошад.

Ба гуфтаи ӯ вайронкунии бино бидуни хулосаи Идораи мероси фарҳангӣ ва ширкати соҳиби он сурат гирифтааст, ки хилофи қонун хонда мешавад.

Сардори садорати фарҳанги вилояти Срамарқанд Шӯҳрат Қиличев иддаъо намудааст, ки ҳанӯз 14 марти соли 2000 ҳокими вилоят қарори вайрон кардани ин биноро содир намудааст.

— Шаҳри Самарқанд соли 2001 ба феҳрасти мероси байналмилалии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Ин бинои вайроншуда мероси фарҳангӣ нест ва танҳо дар қисмати таърихии ин шаҳр воқеъ гаштааст. Ҳар коре, ки анҷом дода мешавад, дар ҳамоҳангсозӣ бо намояндагии ЮНЕСКО ба вуқӯъ мепайвандад, — гуфтааст Шуҳрат Қиличев.

Бино ба иттилои сардори Бюрои самарқандии иҷрои маҷбурии назди Додситонии кулли Ҷумҳурии Ӯзбекистон Фаррух Ибрагимов маблағи барои Элона Волова ба ҳайси ҷубронпулӣ ҷудо шударо метавонад худи ӯ ё вакилаш ахз намояд.

Дар айни ҳол Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон аз ҳокимияти вилояти Самарқанд тақозо намудааст, ки  ҷиҳати вайрон кардани бинои таърихӣ тавзеҳот ироа кунад, зеро ҳарчанд ин бино аз феҳрасти мероси таърихӣ хориҷ карда шудааст, вале ҷузъи сохтмонҳои таърихии ин шаҳри бостонӣ ба шумор меравад. Мақомоти ин вазорат пурсидаанд, ки чаро то вайрон кардани бинои мазкур дар ин бора касе онҳоро хабардор накард.

Вазорати фарҳанг ин суолҳо матраҳ кардааст:

  1. Чаро ин биноҳо аз феҳраст хориҷ карда шудаанд?

  2. Ин кор бо ташаббуси кӣ анҷом гирифтааст?

  3. Кадом роҳбари собиқи Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилоятҳо ин хулосаҳоро тасдиқ кардаанд?

  4. Номгӯи биноҳое, ки ба чунин сарнавишт мувоҷеҳ хоҳанд шуд, боз кадомҳоянд?

Вазорати фарҳанг бо пахши як изҳорот аз ҳокимияти вилояти Самарқанд дархост кардааст, ки агар вайронкунии бинои таърихиро бидуни мувофиқа бо ин вазорат анҷом додааст, бояд масъулияти онро ба дӯш гирад ва шахсони дар ин вайронкунӣ дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ҳатто ин вазорат шӯрои коршиносони назди Садорати мероси фарҳангии вилояти Самарқандро ғайриқонунӣ шумурдааст. Гуфта мешавад, зеро дар он шахсоне ворид шудаанд, ки аз чунин салоҳият бархурдор нестанд ва онҳоро вазири фарҳанг тасдиқ накардааст.

Ҳамчунин, талаботи зарурӣ бо иштироки ҳатмии яке аз коршиносони шӯрои илмии коршиносии идораи мероси фарҳангӣ иҷро карда нашудааст ва бо дарназардошти он ҳамаи қарорҳои ин шӯро бекор карда мешаванд.

Дар пайи ин, Вазорати фарҳанг аз ҳокимиятҳои вилоят ва шаҳри Самарқанд тақозо кардааст, ки ҳамаи талаботи марбут ба ҳудуди ЮНЕСКО-ро қатъиян иҷро кунанд.

Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон масъалаи ҳифзи тамоми биноҳоеро мадди назар гирифтааст, ки ҳатто ба феҳрасти мероси таърихӣ ворид карда нашудаанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here